(ABNA24.com) Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, ҳазору 997 бемори ҷадиди мубтало ба ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд.
Ҷаҳонпур афзуд, бо эҳтисоби мавориди ҷадид, маҷмӯи беморони ковид -19 дар Эрон ба 67 ҳазору 286 нафар расид.
Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 121 нафар дар 24 соати гузашта гуфт, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору се нафар расидааст.
Ҳамзамон иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон ва кумаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом ва радёбии афроди дар тамос бо мубталоёну ҷудосозии беморон бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат идома дорад.
/342/